Мулоқоти Сафир бо Вазири захираҳои оби Ҳиндустон  

25.07.2019 18:09

24 июли 2019 дар Деҳлӣ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири Ҷал Шактии Ҷумҳурии Ҳиндустон (Вазири захираҳои об) Гаҷендра Сингҳ Шекҳават баргузор гашт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла табодули таҷриба дар идоракунии ҳавзавии захираҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, иштирок дар чорабиниҳои марбут ба оби ҷонибҳо, хусусан дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 мавриди баррасӣ гирифтанд.

Vaziri-ov.jpg

 

Нигористон

Тақвим