Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Заминҳои Боғи “Чашмаи Нуқра” низ дар як мавзеи беоб ҷойгир буд ва дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлонаи коргарон дар муҳлати кутоҳи се чор соли охир ин мавзеъ ба як минтақаи обод мубаддал гардид.
Нашъунамои хуби дарахтон ва ҷамъоварии ҳосили фаровони дарахтони мевадиҳандаи боғ натиҷаи бобарори талошҳҳои судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” 1130 гектар буда, 402 гектарро майдони боғу токзор ва қитъаҳои боқимондаро заминҳои талу теппа ва чарогоҳ ташкил медиҳад.
Боғдорон дар майдони 32,6 га ангур ва дар заминҳои боқимондаи боғ навъҳои беҳтарини дарахтони биҳӣ, бодом, гелос, зардолу, нок, олу, олуча, олучабандак, себ, хуч, чормағз ва дигар меваҷот парвариш мекунанд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғу токзор дар Боғи “Чашмаи Нуқра” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, нигоҳубини хуби дарахтон, истеҳсол ва содироти меваҷот ҳидоят карданд.