1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.
3. Ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об.
Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
4. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.
Ин ташаббус аз тарафи МУ СММ бо қабули қатъномае (A/RES/71/222) қабул карда шудааст. Мутобиқи қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Дар ин робита, бояд зикр кард, ки моҳи июни соли 2018, пас аз оғози расмии Даҳсолаи мазкур дар шаҳри Ню-Йорк дар рӯзи ҷаҳонии об (22 март), дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми давлату ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” баргузор гардид, ки зимни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки натиҷаҳои ин Конфронс метавонанд ба раванди татбиқи Даҳсолаи болозикр такони тоза бахшанд. Гузашта аз ин, Конфронси Душанбе, ки қабл аз Форуми сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор (9-18 июли соли 2018) баргузор гардида буд (дар он низ Ҳадафи шашуми рушди устувор матраҳ шуд), ҷиҳати коркарди тавсияҳои мушаххас бо манзури таҳкими тадбирҳо барои расидан ба аҳдофу вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об мусоидат намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш санади ниҳоии Конфронс – Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.