Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҳиндустон эътимоднома супорид

26.06.2019 15:31

25 июни 2019 Сафири Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд эътимодномаи худро супорид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Президенти Ҳиндустон бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар он дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, аз сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ёдовар шуд ва ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ ва густариши ҳамкориҳо изҳори сипос намуд. Дар ин росто, ӯ ҳамчунин нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгарои дар сатҳи миллию минтақавӣ зикр намуда, баргузории муваффақи Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро дар Душанбе сутуд.

Дар фарҷоми суҳбат Сафири Тоҷикистон Президенти Ҳиндустонро итминон дод, ки тамоми саъйю кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳо  байни ду кишвар ба харҷ хоҳад дод.

Нигористон

Тақвим