29 июли соли 2014, соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 30-31 июли соли 2014 дар ш. Душанбе барпо хоҳад гашт, доир мегардад.
Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, ки барои пӯшиши иттилоотии Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ аккредитатсия шудаанд, даъват карда мешаванд.
Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Ҷаласаи мазкур ва бейджҳо супорида мешаванд.