21 июли соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи энергетика табодули назар карданд.
