Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни миллии Фаронса

18.07.2014 05:41

14 июли соли 2014 дар хиёбони марказии шаҳри Париж Champs-Elysees паради ҳарбӣ бахшида ба иди миллии Ҷумҳурии Фаронса - солгарди ба даст овардани Бастилия ва 100-солагии Ҷанги якуми ҷаҳон баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Фаронса дар чорабинии мазкур ширкат варзид.

Низомиёни тоҷик бо парчами миллии Тоҷикистон аз паради ҳарбӣ дар қатори дигар кишварҳо бо тантана гузаштанд. Ҳамзамон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар намоиши фарҳангӣ баромад карда, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Яке аз донишҷӯёни тоҷик дар қатори дигар ҳамтоҳои хориҷии худ ба Президенти Фаронса муаррифӣ шуд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим