Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон

23.05.2019 15:30

23 майи 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодовро ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ Қозидавлат Қоимдодовро ба муносибати  таъйин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрик карда, ба ӯ дар пешбурди муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ташкилоти Оғохон оид ба рушд муваффақият орзу намуд.

Дар мулоқот инчунин роҷеъ ба масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

PS7A3286.jpg

 

Нигористон

Тақвим