Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон

16.07.2014 14:38

16 июли соли 2014 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот  ҷонибҳо ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои идоракунии сарҳадот ва таҳкими инфрасохтори сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла атрофи ҳамкории  ҷониби Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи идоракунии босамари сарҳадот ва ҳамкориҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистон ва Афғонистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Япония табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар татбиқи  лоиҳаҳои идоракунии сарҳадот изҳор намуданд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим