Рӯзҳои 21-23 майи соли 2019 сафари кории Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ба шаҳри Димишқ сурат гирифт.
Дар доираи сафар санаи 22 майи соли 2019 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии он кишвар мулоқоти Сафир бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баргузор гардид.
Сафир номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба унвони Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллим ҷиҳати тақвият ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба супорид.
Дар мулоқот густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим, махсусан дар арсаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин масъалаи муайян намудани шахсияту шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон ва баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни вазъияти ҷаҳону Ховари Миёна табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҷонибҳо бар зарурати табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои мухталиф ва баргузории Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар давоми соли 2019 таъкид карданд.