Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик

21.05.2019 19:24

21 майи соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо роҳбарони ташкилоти донишҷӯӣ ва донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар мактабҳои олии Москва таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир маълумот дод. Дастгирӣ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиш ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсусан таъкид гардид.

Дар мавриди аҳамияти муҳими муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Россия, И.Сатторов қайд кард, ки рушди ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманд бо Россия ва субъектҳои он, яке аз самтҳои авлавиятнок дар сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад. Таваҷҷуҳи вежа ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла ба муҳим ва зарурӣ будани тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зоҳир карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷухи ҷавонони тоҷик муҳокима шуд. 
Бо ташаббуси ҷавонони фаъол аз донишгоҳҳои Россия, “Маҳфили ҷавонони тоҷик дар Россия” таъсис дода шуд, ки ҳадафҳои асосии он муттаҳид намудани ҳамаи донишҷӯён, ташкилоти онҳо дар донишгоҳҳои Россия ва ҳамчунин, роҳандозии ташвиқот баҳри имиҷи ҷавонони тоҷик дар Федератсияи Россия мебошад.

IMG-2877.jpg

 

Нигористон

Тақвим