19 майи 2019 дар Ал-Кувайт мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Носир Сабиҳ ас-Сабиҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъкид карданд.