Натиҷаҳои Панҷумин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон

16.07.2014 14:29

16 июли соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Сироҷидин Аслов дар кори Панҷумин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама роҷеъ ба таҳкими нақши Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва рушди минбаъдаи он, амният ва рушди пойдори минтақа ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ табодули назар карданд.

Дар интиҳои ҷаласаи мазкур Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама ва Харитаи роҳ барои ҳамкории амалӣ дар соҳаи кишоварзӣ қабул гардиданд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим