Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма, ки барои пӯшиши Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд, расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳои зерин бояд ба имейли informdepartment@mfa.tj ва pressaccreditation@mfa.tj ирсол гардад:
- нома аз ҷониби роҳбари бунгоҳи хабарӣ дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат ва таҷҳизоти техникӣ;
- акси 3,5x4см бо ному насаб бо забони англисӣ, 300 dpic, JPEG;
- нусхаи шиноснома.
Муҳлати ниҳоии қабули аризаҳои намояндагони ВАО 5 июни 2019 то соати 17:00 вақти Душанбе мебошад.
Барои маълумоти иловагӣ метавон бо телефони (+992 37) 221-43-69, факс (+992 37) 221-02-59, имейл: pressaccreditation@mfa.tj ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард.
Маълумоти бештарро дар бораи Конфронс метавон дар сомонаи зерин дарёфт кард: http://www.cicasummit2019.tj/