Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бино ба даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 20-21 майи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари расмӣ Вазири корҳои хориҷии Чинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.
Дар мулоқотҳои мазкур масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавзӯъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар омодагии худро ба густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳор намуданд.