Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Кувайт

07.05.2019 15:08

7 майи 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Холид ал-Ҷоруллоҳ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, аз ҷумла масъалаи иштироки Давлати Кувайт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин Сафир ба Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт барои саҳми арзандаи Вазорати корҳои хориҷии кишвари маҳалли иқомат дар масъалаи баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

58079965-593261317821660-6935088718249179103-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим