Мулоқот бо Раиси Палатаи лордҳои парлумони Британияи Кабир

03.07.2014 11:52

2 июли 2014 раиси Палатаи лордҳои парлумони Британияи Кабир баронесса Де Соуза Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британия Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Баронесса Де Соуза ва С. Аслов муносибатҳои байнипарлумониро баланд арзёбӣ намуданд. Табодули назари судманд ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои минтақавӣ ва вазъият дар Афғонистон сурат гирифт.

Сироҷидин Аслов аз раиси Палатаи лордҳои парлумони Британияи Кабир даъват ба амал овард, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намояд. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо Раиси Палатаи лордҳои парлумони Британияи Кабир

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим