Имзои Созишнома байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир

02.07.2014 04:58

1 июли соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя баргузор гардид.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ва аз ҷониби Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ баронесса Саида Варсӣ ба имзо расониданд.

Имзои Созишнома байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим