Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 30-31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии Ҷаласаи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, 221-01-26, e-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат карда, маълумотҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg;
2. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
3. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;
Бояд қайд намуд, ки баъди гузаштани аккредитатсия бейджҳои номӣ бо сурат ба намояндагони ВАО бо мақсади ворид шудан ва кор дар ҷойҳои баргузории ҷаласаи мазкур супорида мешаванд.
Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 16:00 14 июли соли 2014 қабул мегардад.