1 июли соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафари корӣ озими Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шуд.
Дар доираи сафари мазкур як қатор вохӯриҳои С. Аслов бо шахсони расмии Британияи Кабир пешбинӣ шудаанд.
Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.