Дидори ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати муҳити зист ва Агентии сайёҳии Ҷопон

07.03.2019 15:41

Имрӯз, дар бинои парлумони Япония вохӯрии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати муҳити зист ва Агентии сайёҳии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризми Ҷопон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Ҷопон дар бораи фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии кишвари иқомат дар самти туризм ва боғҳои миллии Ҷопон маърӯза намуда, дар зимни миёни ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ва гардишгарии хориҷӣ мулоқотҳои судманд анҷом гирифт.

Баъд аз вохӯрӣ, ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои таърихии парлумони Ҷопон ва толорҳои маҷлисии он дидан намудан.

Нигористон

Тақвим