Бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон устод Талбак Назаров барои саҳмаш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени “Тулӯи офтоб” дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Санаи 28 феврали соли 2019 дар қароргоҳи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти мазкур баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ карда, сарфароз намудани собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофоти олии давлати Ҷопон ҳамчун нишони эътироф ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои сиёсати хориҷии дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи он устод Т. Назаров саҳми бузург гузоштааст, арзёбӣ намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар баромади худ ба нақши устод Талбак Назаров дар густариши дипломатияи тоҷик ва рушду нумӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баҳои баланд дода, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷопон бо дарназардошти ҳамин хизматҳои Талбак Назаров тасмим гирифт, ки ба ӯ Ордени “Тулӯи офтоб” дараҷаи I-ро тақдим намояд.
Сафир дар вазъияти тантанавӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷопон орден ва шаҳодатномаи онро, ки аз ҷониби Императори Ҷопон Акихито имзо шудааст, ба устод Талбак Назаров супорид.
Талбак Назаров ба Сафир ва дар шахси ӯ ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон ва Император Акихито барои қадрдонии хидматҳои ӯ миннатдории хешро баён намуда, аз дастовардҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз ёдоварӣ кард ва омодагиашро баҳри саҳм гузоштан ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишвари ба мо дӯсти Ҷопон баён намуд.