Вохӯрии Сафир бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷопон

27.02.2019 12:59

27 феврали соли 2019, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҷалолов Мирзошариф бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония ҷаноби Тадаморӣ Ошима мулоқоти арзи адаб намуд.

Зимни он миёни ҷонибҳо доир ба натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон (3-5 октябри соли 2018), масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, инчунин ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Гурӯҳи дӯстӣ дар ш. Токио мубодилаи афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим