Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари гуруҳи парлумонии Британия

22.05.2014 17:36

22 майи соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Роҳбари гуруҳи парлумонии Британия оид ба Тоҷикистон, намояндаи Палатаи Лордҳои Британияи Кабир, баронесса Вивен Стерн барпо гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дорои таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари гуруҳи парлумонии Британия

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим