Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар таърихи 13 майи соли 2014 дар Риёз, ки бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Форуми мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молияи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок доштанд.
Дар Форум масъалаҳои вобаста ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва шарикӣ, мусоидат ба беҳбуд ва рушд, таҳкими сулҳ ва оромиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нишаст дар фазои озод ва ҳамкорӣ гузашт.
Аз натиҷаи Форум Эъломияи нишасти аввали Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Лигаи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.
Дар ҳошияи Форум мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии кишвар бо Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ ва вазирони корҳои хориҷии як қатор давлатҳои араб баргузор гардиданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Форум

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабири кулли Лигаи Давлатҳои Араб ҳангоми имзои санадҳои ҳамкорӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Дабири кулли Лигаи Давлатҳои Араб Набил ал-Арабӣ