Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Шветсия

15.05.2014 09:40

14 майи соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Стокголм) Акке Петерсон барпо гардид.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Шветсия табодули назар намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки барои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Шветсия имкониятҳо ҳастанд ва онҳо бояд ба нафъи ду кишвар истифода шаванд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим