Аз 12 то 19 майи соли 2014 ҳайати намояндагони ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ «Аэробус» бо сафари шиносоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Зимни сафари худ намояндагони ширкат бо ашхоси расмии мақомоти давлатӣ, инчунин ширкатҳои хусусӣ мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Ҳадафи асосии вохӯриҳои ба нақша гирифташуда - ин шиносоӣ бо бозори дохилии ҷумҳурӣ ва барқарори ҳамкориҳои мутақобилан судманд хоҳад буд.