8 майи соли 2014 дар ш.Брюссел дар бинои Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Белгия муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ баргузор гардид. Китоби мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ “Big Media Group” (ш.Брюссел) бори аввал ба забони фаронсавӣ 10 марти соли 2014 нашр карда шуда, аз ҳарду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.
Дар оғоз Директори Осорхона, доктори таърих, санъат ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи озоди Брюссел Эрик Губел ва ректори Донишгоҳи Весалиус, доктори сиёсатшиносӣ, профессор Берт Мосселманс қайд намуданд, ки нашри китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ, ки аҳамияти амиқи илмӣ-таърихиро дорост, рӯйдоди муҳиме дар ҳаёти илмиву иҷтимоии Аврупо мебошад.
Корманди масъули Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, доктори илмҳои таърих ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи мӯҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумот пешниҳод кард.
Президенти ширкати “Биг Медиа Груп” Тию Кейперс таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони доираҳои илмӣ шарҳ дода, қайд намуд, ки Тоҷикистон мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб хуб дошта, ҷолиби диққати сайёҳон, таърихшиносони аврупоиву амрикоӣ мебошад.