Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

08.05.2014 15:11

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон 8 майи 2014 дар Душанбе ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ду ҷонибро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳ роҳбарӣ карданд.

Мувофиқи рӯзномаи ройзаниҳои сиёсӣ, масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазъият дар минтақа, аз ҷумла Афғонистон, мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ соли оянда дар Деҳлӣ баргузор хоҳад шуд.

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим