Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон

08.05.2014 08:19

7 майи соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингх баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун  ва мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

Ҳар ду ҷониб, бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба, таъкид карданд, ки ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун манфиатдор мебошанд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим