2 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Сандуқи байналмилалии хайрияи исломӣ, Мушовири Девони Амирии Давлати Кувайт ва ҳамзамон Намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки барои густариши муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст, бинобар ин ҷонибҳо ба дурнамои рушди ҳамкориҳо назари нек доранд.
Дар ин росто ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
