Баргузории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ

01.03.2013 10:10

Имрӯз дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор мегардад, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматулло Неъматуллозода ва аз ҷониби Кувайт Муовини якуми Вазири молия Халифа Ҳамода роҳбарӣ хоҳанд кард.

Қарор аст дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо ҳолат, дурнамо ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ, сайёҳат, фарҳанг ва ҳунар, варзиш, бонкдорӣ, алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



 




Нигористон

Тақвим