Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-уми январи 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-уми январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18-уми июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (апрели 2019) ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён (августи 2023) таъйин шудаанд.
Дар тӯли 33 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар боздидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022, 2024 ва боздидҳои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023, 2025 ба вуқӯъ пайвастанд.
Ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Эрон дар ҳоли густариш мебошанд. Боиси зикр аст, ки 8-9 январи соли 2024 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Дар доираи сафар санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои байнипарлумонӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва байнишаҳрӣ ба имзо расиданд.
Инчунин, Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии байнипарлумонӣ таҳти унвони “30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 10-11 октябри соли 2024 баргузор гардид, ба Тоҷикистон ташриф овард.
Лозим ба зикр аст, 17-19 феврали соли 2025 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Зимни сафар мулоқотҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муовини якуми Президенти он кишвар ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар Сарвазири кишвар дар Конфронси сеюми иқтисодии баҳри Хазар иштирок кард.
Сафарҳои вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе солҳои 1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021, 2024 баргузор гардидаанд.
5-8-уми майи соли 2024 дар Теҳрон дуюмин нишасти Машваратҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барпо шуд. Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.
То ба имрӯз шаш даври машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Теҳрон доир шуда, нишасти охирин дар таърихи 5-уми майи 2024 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 16 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Дар соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон наздики 377,7 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ тақрибан 114,5 миллион доллар содирот ва 263,2 миллион доллар воридот мебошад.
Байни ду кишвар беш аз 200 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.
Робитаҳои фарҳангиву маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, 3-9-уми октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳамчунин, аз 30-юми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
03.03.2025