Муносибатҳои Тоҷикистон бо Хитой

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Парвиз Давлатзода (29.03.2016) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин (15.03.2019) таъйин шудаанд. 

Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (8-11 марти 1993, апрели 1996, августи 1999, июни 2001, 2003, январи 2007, июни 2012, 20 майи 2013, сентябри 2014, 31 август-3 сентябри 2015, 30 август-5 сентябри 2017, июни 2018, 25-29 апрели 2019) ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намудаанд.

Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (июли 2000, августи 2008, сентябри 2014, 14-16 июни 2019) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

7 апрели 2015 ҳайати нави Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумичинии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд.

25-27 майи 2018 ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алекен Еминбахэ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

Дар таърихи панҷсолаи охир (2014-2019) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин сафарҳои расмию корӣ (22-25 июли соли 2015, 23 апрели 2018) ба Чин намудааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бино ба даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин 20-21 майи соли 2019  ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари  расмӣ анҷом дод.

Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар механизми машваратҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ

Таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин бо мақсади ҳамкориҳои судмани байнисоҳавӣ дар зери Комиссияи мазкур Зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон-НМСУ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таъсис дода шудааст.

Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар 2018 – 651,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, нисбати 2017 (591,6 млн. долл. ИМА) ба маблағи 59,6 млн долл. ИМА коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии содирот дар 2018 аз Тоҷикистон ба Чин 57,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 2017 21,7 млн долл. ИМА афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридот аз Чин ба Тоҷикистон дар 2018 594,1 млн. долл. ИМА нисбати 2017 ба 37,9 млн. долл. ИМА афзоиш шудааст.

Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2007 то 2019 (1-ум семоҳа) маблағи 9,36 млрд. долл. ИМА-ро ташкил додааст, ки ҳиссаи сармоя аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 28,3%-ро дар бар мегирад.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг” ( 27 декабри соли 1993 ) ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2019-2021 қарор мегирад.

Байни ду давлат моҳияти гузаронидани Рузҳои фарҳангӣ дар кишварҳо танзим оварда шуд, ки солҳои 2008, 2013, 2019 дар Чин Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон, инчунин солҳои 2007 ва 2014 дар Тоҷикистон Рузҳои фарҳангии Чин гузаронида шудаанд.

Нигористон

Тақвим