Имрӯз, 20 марти соли 2014 сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав фаъол шуд.
Сомонаи нави Вазорат дорои тарҳи замонавӣ, мундариҷаи таҷдидшуда ва бахшҳои нав буда, бо истифода аз навтарин барномаҳои сомонасозӣ коркард шуда, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Сомона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъолият менамояд.
Дар саҳифаи аввал 4 хабари асосӣ ва 10 хабари тозаи дигар ҷой дода шудааст, инчунин бахшҳо оид ба масоили муҳим роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла банди алоҳида бо аксҳову наворҳои видеоӣ, бахши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар шакли харитаи интерактивӣ ва қисмати нашрияҳои Вазорат дар шакли электронӣ пешкаш карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар сомонаи нави Вазорат системаи RSS насб карда шудааст, ки барои сари вақт огоҳ шудан оид ба маълумоти нав мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар поёни саҳифаи асосӣ маҷмӯи бахшҳову зербахшҳои сомона оварда шудааст, ки дарёфти маълумоти заруриро осон менамояд.