Муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Парлумони Аврупо

20.03.2014 08:00

19 марти соли 2014 дар ш. Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ баргузор гардид.
Китоби мазкур бори аввал ба забони фаронсавӣ 10 марти соли 2014 нашр карда шуда, аз ду ҷилд иборат аст.

Дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо ва мушовирони сиёсии онҳо, доираҳои илмӣ, муаррихон, шарқшиносон ва фарҳангшиносони аврупоӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Корманди масъули Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, доктори илмҳои таърих ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи мӯҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ ҷабҳаҳои таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони Парлумони Аврупо шарҳ дода, махсусан қайд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бисёр мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб хеле хуб маҳфуз мондаанд ва ҷолиби диққати сайёҳони сершумор, таърихшиносон ва ҳафриётшиносони аврупоиву амрикоӣ ҳастанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ ба асари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки он барои муҳофизат ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он нақши муҳимро мебозад.

Дар охири маҳфил ба ҳамаи ҳозирин нусхаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ тақдим гардид.

Нигористон

Тақвим