12 марти соли 2014 дар Департаменти давлатии ШМА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Котиби давлатии ШМА Ниша Бисуал мулоқот анҷом дод.
Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои рӯзномаи Машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, ки баргузории он дар моҳи апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин зарурати таҳкими муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва коммуникатсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва амнияти сарҳадӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо инчунин оид ба иқдомҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозиву эҳёи иқтисодии он мубодилаи афкор намуданд.