Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари тозатаъйини Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини

15.08.2017 17:49

15 августи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари тозатаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.  

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот Роҳбари нави Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо  Роҳбари тозатаъйини Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини

Нигористон

Тақвим