Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ

07.08.2017 20:20

6 августи 2017 Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира Сафири кишвари мо дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар он мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлоси дувуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки қарор аст, дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе 16 октябри 2017 баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи кишвари мо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.

Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ дар ҷараёни мулоқоти мазкур супорида шуд, изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъкид кард.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ

Нигористон

Тақвим