Интихоб гардидани Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК

31.07.2017 18:28

27 июли соли 2017 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба мақоми Ноиби Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардид. Номзадии М. Маҳмадаминов аз ҷониби Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвари узв иборат мебошад, пешбарӣ карда шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 соли узвияти кишвари маҳбуб дар Созмони Милали Муттаҳид, барои нахустин маротиба намояндаи Тоҷикистон ба чунин мақоми масъулиятнок дар ниҳодҳои асосии СММ интихоб мегардад.

Имрӯз ҳамчунин Намояндаи доимии Ҷумҳурии Чех (гурӯҳи кишварҳои Аврупои Шарқӣ) ба ҳайси Раис ва намояндагони доимии Белгия (гурӯҳи кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва дигарон) ва Сент-Винсент ва Гренадин (гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб), ба симати муовинони раиси ECOSOC барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардиданд.

Интихоб гардидани Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК

Интихоб гардидани Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК

Нигористон

Тақвим