18 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҳошияи иштирок худ дар Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF) дар Бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор ширкат намуд.
Чорабинии мазкур намояндагони бизнес ва ҳукуматҳоро дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои СММ, созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати омӯзиши амиқи нақши бизнес дар пешбурд ва татбиқи Рӯзномаи 2030 гирди ҳам овард.

