Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар СММ

11.03.2014 10:00

10 марти 2014 дар ҳошияи иштирок дар чорабинии махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва амалҳои минбаъда, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ бобати рушди устувор ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, 10 март мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Ҷеффри Фелтман барпо гашт. Зимни он мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими амну субот дар минтақа, вазъи Афғонистон пас аз хурӯҷи Нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, мубориза алайҳи терроризм, инчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз, дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷӣ маросими кушодашавии сомонаи нави он Намояндагӣ баргузор гашт. Нишонии торнамои нав чунин аст: www.tajikistan-un.org

Нигористон

Тақвим