Сафари Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ИМА

10.03.2014 12:00

10 марти соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Штатҳои Муттаҳидаи Амрико сафар намуд, ки он то 14 март идома хоҳад ёфт.

Дар доираи сафари мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус бахшида ба натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор мегардад, иштирок хоҳад намуд. Инчунин зимни сафар як қатор мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

Нигористон

Тақвим