Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Россия

06.03.2014 09:00

6 марти соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафари расмӣ озими Москва шуд.

Дар доираи сафари мазкур чанд мулоқот бо шахсони расмии Россия пешбинӣ шудааст. Зимни вохӯриҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин масоили таъмини амният дар минтақа мавриди муҳокима қарор мегирад.

Дар интиҳои сафари расмӣ Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2014 аз ҷониби вазирони ду кишвар ба имзо мерасад.

Нигористон

Тақвим