Супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо аз ҷониби сафирони ҷумҳуриҳои Куба, Кипр, Словакия ва Сербия

05.03.2014 09:00

5 марти соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Куба Карлос Энрик Валдеса, Ҷумҳурии Кипр Георгос Касулидис, Ҷумҳурии Словакия Павол Иван ва Ҷумҳурии Сербия Терзич Словенко ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбатҳо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно кард.

Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф қайд карда шуд.

Нигористон

Тақвим