БРИФИНГ дар мавзӯи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ (3 мартисоли 2014)

04.03.2014 12:00

Чи тавре ба шумо маълумаст, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати раёсаткунанда дар СҲШ мебошад. Раванди омодагирӣ ба ин чорабиниҳои муҳим ҳанӯз тобистони соли гузашта оғоз гардида буд. Давраи кунунии Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ таҳти шиори «Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ, Ҳамшукуфоӣ» баргузор гашта истодааст.

Дар ин робита, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст ва дар ин замина Нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Нақшаи асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба давлатҳои узв ва Котиботи СҲШ ироа гаштааст, таҳия ва қабул гардидааст.

Мақсади асосӣ ва калидии мо ба ҳайси ҷониби Раёсаткунанда дар Созмон пеш аз ҳама пешбурди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳошияи СҲШ, инчунин ташаккули бахши мундариҷавии натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои СҲШ маҳсуб меёбад.

Айни замон давлатҳои узв таърихи баргузории чорабиниҳои дар давоми сол ба нақша гирифташударо, ки дар қаламрави Тоҷикистон доир мегарданд, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Вохӯрии котибони Шӯрои амниятӣ, Мулоқоти вазирони мудофиа, Ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки салоҳияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро ба дӯш доранд, Мулоқоти вазирони фарҳанг, инчунин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони: «Созмони ҳамкории Шанхай дар таъминоти амнияти минтақавӣ: мушкилиҳо ва дурнамо», ки ба он роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои тадқиқотии дахлдори давлатҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколамаи СҲШ ҳамоҳанг намуда истодаанд.

Дар ҳошияи СҲШ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо баргузор гаштаанд, аз ҷумла:

- дар моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли гузашта мутаносибан дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд ва Пекин ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ баргузор гардид.

- 18-21 ноябри соли гузашта аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади методологӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои авиатсионӣ дар машғулиятҳои муштарак, инчунин пешгирии талафоти ғайринизомии ҳавопаймоҳо ҳангоми истифодаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои узви СҲШ ташкил дода шуда буд;

- 17-19 декабри соли 2013 дар ш. Пекин ҷаласаи гурӯҳи кори коршиносон оид ба масъалаҳои тавсеи СҲШ баргузор гардид;

- 20-21 январи соли равон дар ш.Пекин ҷаласаи Шӯрои кории СҲШ баргузор гардид;

- 14 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи илмӣ-публисистии «Тоҷикистон-СҲШ: субот ва шукуфоӣ» муаррифӣ гардид;

- 25-26 феврали соли равон дар Котиботи СҲШ ҷаласаи доимоамалкунандаи гурӯҳи кори коршиносони оид ба масъалаҳои кишоварзии давлатҳои узви СҲШ доир гардид;

- 25-26 феврали соли ҷорӣ машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар мавзӯи «Вазъият ва дурнамои рушди минбаъдаи робитаҳои СҲШ бо созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла созмонҳои шарик» анҷом ёфт.

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи намояндагони муҳтарами ВАО мерасонем, ки сомонаи расмии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ www.scosummit2014.tj фаъол гаштааст, ки дар он шумо метавонед тамоми иттилоот вобаста ба Раёсати Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ва чорабиниҳои минбаъда дар ҳошияи СҲШ дастрас намоед.

Нигористон

Тақвим