Муносибатҳои Тоҷикистон бо Покистон

11.06.2020 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (ҶИП) 6 июни соли 1992 барқарор шуданд. Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон аз ибтидои соли 1991 шурӯъ мешавад. 

Соли 1993 ҶИП дар ҶТ Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн бемайлона рушд меёбанд. Тайи 27 соли муносибатҳо 7 маротиба сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (моҳи марти соли 1994,  соли 1996,  соли 1997, 12-14 майи соли 2004, 7-10 марти соли  2011, 12-13 ноябри соли 2015 ва 2-3 июни соли 2021) сурат гирифтааст.

Ҳамчунин 1 марти соли 2017 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати иштирок дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод баргузор гардид.

2 июни 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баргузор гардид, ки дар рафти он 12 санади ҳамкорӣ имзо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон 3 маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (2-3 июни соли 2002, 28-30 июли соли 2009, 24 -26 марти соли 2012) ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Инчунин тайи солҳои охир сафари расмӣ ва кории Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Душанбе (17-18 июни соли 2014, 9-10 июни соли 2015 (сафари корӣ барои иштирок дар Конфронс об барои ҳаёт), 11-12 майи соли 2016 (маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонии лоиҳаи CASA-1000) ва 5-6 июли соли 2017 (сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000) сурат гирифтааст.

31 марти 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар таърихи 29-31 марти 2021 дар Душанбе қарор дошт, баргузор гардид.

Миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 2 июли соли 2019 ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар Душанбе баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар 6 моҳи соли 2021 тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни ду кишвар мушоҳида мешавад. Дар ин давра ин нишондиҳанда ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле феъол мебошад.

 

Нигористон

Тақвим