Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия

01.03.2017 15:50

28 феврали соли 2017 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Умит Ярдим баргузор гардид. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати тавсеаи ҳамкориҳои фарогири мутақобилан судмандро таъкид намуда, барои фаъол намудани абзорҳои мавҷуда, аз қабили Шурои ҳамкорӣ, машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, Комиссияи муштараки иқтисодӣ-тиҷоратӣ, комиссияҳои байниидоравӣ, анҷуманҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои тиҷоратӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия

Нигористон

Тақвим