Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия ва изҳороти матбуотии сарони давлатҳо

28.02.2017 10:23

Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд.Дар изҳороти муштарак, аз ҷумла омадааст, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд то дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия ташриф оваранд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;

- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2017 ба имзо расид.

Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ба даст омадани тавофуқоти зиёд ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок минбаъд мусоидати фаъол менамоянд.

Нигористон

Тақвим