Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Алҷазоир

22.02.2017 14:45

20 феврали 2017 дар Алҷазоир Вазири давлатӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Рамтон Лаъмомра Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар Хусрав Нозириро ба муносибати супоридани нусхаи эътиборнома ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷии Алҷазоир бо истиқбол аз таъйин шудани нахустин сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир, онро рӯйдоди муҳим дар раванди густариши муносибатҳои дуҷониба номид. Бо ишора ба нахустин боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, ки 10-12 марти 2008 баргузор гардида, дар ҷараёни он бастаи мувофиқатномаҳои муҳим ба имзо расида буд, ӯ таъкид намуд, ки сафари мазкур барои тавсиа ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст дар соҳаҳои гуногун заминаи пойдорро гузошт.

Мулоқот бо таъкиди зарурати идома ва густариши ҳамкории самарбахши ду кишвар дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба поён расид.

Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Алҷазоир

Нигористон

Тақвим